Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мубинҷон дар вазни 63 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм бар намояндаи Кувайт Муҳаммад Алаҷмӣ ғалаба кард. Дар ин вазн варзишгари Ӯзбекистон Элмурод Тосмуродов пирӯз шуд. Медали дигари биринҷиро намояндаи Эрон соҳиб гардид.

“Дар рӯзи аввал ҳамчунин ду варзишгари Тоҷикистон – Муслиҳиддин Уроқов (77кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87кг) гуштин гирифтанд, вале ба шикаст дучор шуданд”, - омадааст дар маълумоти Кумита.

Имрӯз қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-румӣ дар 5 вазни дигар идома ёфта, варзишгарони тоҷик дар 4 вазн гуштин мегиранд – Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Зайниддин Қамаров (67кг), Лоиқ Амирхонзода (72кг), Мирзоамин Сафаров (97кг).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.