Дастаи футболи “Кӯктош” бори нахуст дар таърихи худ ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ноил гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар бозии финалӣ шогирдони сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2 ба 1 мағлуб карданд.
Гуфта мешавад, бозии финалии Ҷоми Федератсия-2020 рӯзи 1 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 5200 нафар мухлисон доир гардида, тӯбҳоро аз дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба нишон расониданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи “Душанбе-83” тими КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дода, ба ҷоизаи биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 соҳиб шуд.
Дар маросими тақдими мукофотҳо ба дастаи ғолиб ва ҷоизадорон медалҳо супурда шуданд. Легионери дастаи “Кӯктош” аз Ӯзбекистон Муҳиддин Одилов беҳтарин бозингари вохӯрии финалӣ дониста шуд. Ҷоми Федератсия-2020-ро ба дастаи ғолиб ноиби президенти ФФТ Тоҷикистон Алишер Урунов тақдим кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.