Нимҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон Амадонӣ Камолови 19-сола ба тими «Райо Махадаонда»-и Испания гузашт.

Камолов муддати як сол дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ карда, бо ҳуқуқи агенти озод ба дастаи футболи Испания гузашт.  Дастаи ӯ дар мусобиқаи Сегунде Б (Лигаи 2-юм)-и ин кишвар иштирок мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол”.

«Райо Махадаонда» - дастаи футболи Испания аз шаҳри Махадаонда мебошад, ки ба ноҳияи Ареа-Метрополитан дар ҳайати ҷамъияти мухтори Мадрид дохил шуда, дар мусобиқаи Сегунде Б ҳунарнамоӣ мекунад. Бозиҳои хонагиаш дар варзишгоҳи «Серро дель Эспино» баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.