Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) раддабандӣ (рейтинг)-и тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1151 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 121-умро ишғол кардааст.
Дар раддабандии моҳи феврали ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо 1144 имтиёз дар зинаи 120-ум қарор дошт.
Миёни кишварҳои қораи Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад.
Дар Осиё зинаи аввалро бо 1509 хол тими Ҷопон (зинаи 29-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1462 имтиёз дастаи Эрон (31-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1460 хол (39-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.
Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, дар Осиё - ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 86-ум ҷойгир шудааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.