Дар бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф аз дастаи Тоҷикистон Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Суннатулло Азизов ба нишон расониданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври сеюми чемпионати CAFA-2022 мунтахаби Эрон ҷавонони Афғонистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.

Пас аз се давр мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвал аст. Дастаҳои Эрону Қирғизистон 4 имтиёзӣ дошта, Ӯзбекистон 2 имтиёз ба даст овардааст. Афғонистон ҳоло имтиёз нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Қирғизистону Афғонистон 3 бозӣ гузаронда,  Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистон 2 бозӣ гузаронидаанд.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.