Дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона рӯзи 16 июн Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо (Grand Slam)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) оғоз мешавад.
Тавре ки Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд.
Мувофиқи иттилои ахир, дар мусобиқа иштироки 350 ҷудокор (200 мард ва 150 зан) аз 46 кишвар дар назар аст.
Рақобатҳо дар толори «Барис Арена», варзишгоҳи дастаи хоккейи Лигаи континенталии хоккей баргузор мешаванд. Дар давоми 3 рӯз варзишгарон барои дарёфти 14 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.
16 июн - мардон дар вазни то 60 ва 66 кг, занон – дар вазни то 48, 52 ва 57 кг.
17 июн мардон дар вазни то 73 ва 81 кг, занон - дар вазни то 63 ва 70 кг.
18 июн мардон дар вазни то 90, 100 ва зиёда аз 100 кг, занон – дар вазни то 78 ва зиёда аз 78 кг.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа:
- 60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев
- 66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов
- 81 кг – Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев
- 90 кг – Умедҷон Раҷабов
- 100 кг – Исроил Раҳимов
+ 100 кг – Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.
Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 150 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 5 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра - бо 3 ҳазор евро ва биринҷӣ - бо 1,5 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро ишғол кард.