Футболбози тоҷик Ваҳдат Ханонов дастаи “Персеполис”-и Эронро расман тарк кард. Акнун ҳимоятгар дар тими “Сипоҳон”-и ин кишвар бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора худи даста хабар медиҳад.

Муҳлати қарордоди Ханонов бо дастаи пешинааш рӯзи 30 июн  ба охир расида, онро тамдид накарданд. Ҳимоятгар дар ин даста се мавсим бозӣ карда, лекин дар мавсими соли гузашта хеле кам ба майдон мебаромад.

Ханонов метавонист ба собиқ дастааш - “Истиқлол” баргардад ё дар чемпионати Эрон боқӣ монад. Бо назардошти дар се мавқеъи ҳимоятгар ва нимҳимоятгар бозӣ карда тавонистани Ханонов, дар Эрон нисбати ӯ таваҷҷуҳ доштанд, аз ҷумла дар тимҳои “Сипоҳон” ва “Гулгуҳар Сирҷон”.

Дар аввал Ханонов бо дастаи “Гулгуҳар Сирҷон” гуфтушунид карда, бояд ба ин даста мегузашт, лекин дар лаҳзаҳои охир “Сипоҳон” шартҳои беҳтар пешниҳод намуда, футболбози точикро ба дастаи худ гирифт.


Дорандаи медалҳои биринҷии Чимпионати футболи Эрон-2023 - тими “Сипоҳон” аллакай Ваҳдат Ханоновро расман муаррифӣ кард. Созишномаи футболбоз бо ин даста ба муҳлати ду сол баста шудааст. Инчунин дастаи Ханонов имсол дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО Элита бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳимоятгари 23-солаи мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов ду соли ахир бо тими “Персеполис” ду маротиба қаҳрамони Эрон шуд, лекин хеле кам ба майдон мебаромад. Дар ҳайати мунтахаби ҷумҳурӣ аз соли 2018 бозӣ мекунад. Дар ин давра 35 бозӣ гузаронида, 4 гол ба ҳадаф расонидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.