Дар Душанбе рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад.
Тавре ки дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо қабул шудааст.
Дар ин росто дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2021 дар роҳҳои мошингарди пойтахт 242 садамаи нақлиёт сабт шуда, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Гуфта мешавад, омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад.
Зикр мегардад, ки аз ҷониби нозирони БДА 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок ва ҳолати садамавӣ, 2 ҳазору 795 далели вайрон намудани қоидаи сабқат ва манёвркунӣ ва 4 ҳазору 113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.