Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар Арманистон баргузор мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, роҳбари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунад.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Аъзамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ, Маҳмудзода Насрулло, котиби Шӯрои амният ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СААД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси САА дар шаҳри Маскави Русия ширкат карда буд.
Дар соли 2022 садорати СААД ба Арманистон дода шуд.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт.