Намояндагони Тоҷикистон моҳи май дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Дар ҷараёни вохӯрии раҳбарияти Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе сафир аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд.

Дар посух роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур омодагӣ гирифта истода, барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки байни мақомоти дахлдори сайёҳии тарафҳо бояд вохӯрии маҷозӣ ташкил гардида, барои анҷом додани ин кор масъул аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Кумита ба сафири Арабистони Саудӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозишуда аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дод.

Зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.