Тоҷикистон дар шохиси озодии матбуоти созмони “Хабарнигорони бидуни марз” якбора ду зина поён рафт. Соли гузашта дар зинаи 153 буд, имсол дар 155. Дар ин бора рейтинги имсолаи “Хабарнигорони бидуни марз”, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи озодии баён нашр мешавад, далолат медиҳад.
Тоҷикистон имсол миёни 180 кишвари ҷаҳон бо касби 33.31 хол дар ҷойи 155-юм қарор дорад.
Соли гузашта назар ба соли 2022 Тоҷикистон танҳо як зина поён рафта, соли 2021 ҷойи 162-умро соҳиб шуда буд.
Гузориши мазкур бо назардошти вазъи воситаҳои ахбори омма дар кишвар таҳия гардида, нишондиҳандаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва амниятӣ низ ба назар гирифта мешаванд.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз қайд мекунад, ки вазъи умумии озодии матбуот дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бадтар шудааст. Воситаҳои ахбори омма барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ аз сӯи ҳукуматҳои ин кишварҳо бештар истифода мешаванд ва дар он ҷо озодии матбуот кафолат дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон дар минтақа, ки дар раддабандии созмон бо 49,11 имтиёз дар ҷои 120-ум қарор дорад, фарқ мекунад. Ин баландтарин натиҷа дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Қирғизистон дар муқоиса бо соли гузашта, ки бо 49,91 имтиёз дар зинаи 122-юм буд, нишондодашро беҳтар кардааст.
Дар раддабандӣ Қазоқистон дар ҷои 142 (41,11 имтиёз), Ӯзбакистон – 148 (37,27 имтиёз), Туркманистон – 175 (19,09 имтиёз) ва Русия – 162 (29,86 имтиёз) ҷой гирифтаанд.
Бар асоси ин гузориш, вазъи озодии матбуот дар кишварҳои скандинавӣ беҳтар аст: Норвегия бо 91,89 имтиёз дар ҷои 1-ум, Дания бо 89,6 имтиёз дар ҷои 2-юм, Шветсия бо 88,32 имтиёз дар ҷои 3-юм, Ирландия бо 87,73 имтиёз дар ҷои 4-ум ва Финландия бо 86,55 хол дар чои 5-ум.
Имсол Афғонистон бо 20,07 хол дар зинаи 178 қарор гирифтааст. Ва дар ҷои охирин дар раддабандии соли 2023 Кореяи Шимолӣ (тақрибан 22 хол) ҷойгир аст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон панҷ хабарнигор ва блогнависи тоҷик - Далер Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Муҳаммад Султон, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои мамнӯъ ва ифротгаро боздошт ва бо муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.
Соли 2023 барои журналистикаи Тоҷикистон, пас аз ду-се соли ҳабсу таъқибҳои густурда, метавон гуфт, соли “оромӣ” буд. Дар ин сол, бо фарқ аз солҳои пешин рӯзноманигорон боздошт ё латукӯб нашуданд.
Аммо дастрасӣ ба иттилоъ мисли солҳои пешин ҳамоно душвор ва дар ҳолатҳое хеле маҳдуд боқӣ монд. Мақомот аз расонаҳо барои оддитарин маълумот дархости расмӣ тадлаб карда, қариб ҳамеша бо гузашти муҳлати дархост посух медоданд ва баъзе ниҳодҳо умуман посух намедоданд.
Нуктаи дигар ин аст, ки намояндагони расонаҳои байнулмилалӣ аз инъикоси ҷаласаҳои порлумон маҳрум шуданд. Расонаҳои хусусии маҳаллӣ ҳам дар аксари ҷаласаҳои парлумон даъват нашуданд.
Бояд гуфт, ки созмонҳои ҷаҳонии мудофеи озодии баён соли гузашта низ аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза интиқод карданд.
Аз ҷумла, Freedom House дар ҳисоботи охирини худ Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои “низоми мутамаркази худкома” номида, ба рушди демократия ва озодӣ дар ҷумҳурӣ баҳои пасттарин дод. Тоҷикистон дар раддабандие, ки 11-уми апрели соли 2024 нашр шуд, ҳамагӣ 1 хол гирифта, як зина болотар аз Туркманистон ҷой дорад. Баҳои баландтарин дар гузориш 7 аст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Тоҷикистонро боз ҳам барои таъқиби мухолифин, фишор ба рӯзноманигорон ва вакилони мудофеъ интиқод кард.
Афви Байнулмилал (Amnesty International) низ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро барои “барои эҷоди фазои тарсу ҳарос дар кишвар” танқид кард.
Дар умум, соли 2023 фазо барои фаъолияти журналистӣ ҳамоно номусоид ва ба андешаи созмонҳои мудофеи озодии сухан, ҳатто хатарнок гардид.
Дар маводи “Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён” метавонед дар бораи вазъи журналистикаи тоҷик ва озодии матбуот дар Тоҷикистон, ки дар рӯзи озодии баён нашр шуд, маълумоти бештар гиред.