Бонки ҷаҳонӣ ба амалисозии лоиҳаи бузургмиқёс оид ба дастгирии рушди хизматгузориҳои мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшид, ки ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.
Дар лоиҳаи мазкур мусоидат ба рушди ислоҳот дар заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии хизматгузориҳои электронӣ ва рақамии пардохт, беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз нафъу суди ин навъи хизматгузорӣ, ҳамчунин хизматрасониҳои машваратӣ ба ширкатҳои хусусӣ дар мавриди роҳандозии хизматрасониҳои мобилии молӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, амалисозии лоиҳа ба густариши хизматрасониҳои зарурии молиявӣ барои тиҷорати хурд, соҳибкорон ва саҳҳомон нигаронида шуда, ин омил дар кишваре, ки аксари аҳолӣ ҳатто ба хизматгузориҳои асосии бонкӣ дастрасӣ надорад, хеле муҳим аст.