Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои корхонаи дӯзандагии «Гулистон, Душанбе», ки қаблан ба сарватманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, харидор ёфта наметавонад. Нархи аввалияи бастаи пурраи саҳмияҳои корхона 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) арзёбӣ мешавад.
«Корхона ду маротиба - моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», - гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинзода.
Ӯ хотиррасон намуд, ки моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.
«Корхона аз баъзе субъектҳо қарзҳои зиёд дошт, аз ҷумла ба БДА «Амонатбонк» ва ҶСП «Фононбонк» қарздор буд, - иброз дошт Наҷмиддинзода. - Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ҳамаи ин қарзҳо ҳамроҳ бо корхона ба ихтиёри давлат гузаштанд».
Зимнан зикр гардид, ки айни замон низ ҷустуҷӯи харидорони имконпазир барои фурӯши ин корхона идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Гулистон» қаблан ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ (95%-и саҳмияҳо) ва Хайрулло Саидов (5%-и саҳмияҳо), писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов тааллуқ дошт.