Дар шаҳри Тошканд гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба баррасии созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷараён доранд. Ин санад барои роҳандозии парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Аз Вазорати нақлиёт ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон субҳи имрӯз ба шаҳри Тошканд раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдор шомиланд. Вазорати нақлиётро дар ҳайат муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода намояндагӣ мекунад.

Дар гуфтушунид шакли ниҳоии лоиҳаи созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ баррасӣ ва мувофиқа мешавад.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон бонавбат бидуни санади зарурии танзимкунандаи алоқаи ҳавоӣ, кӯшиш ба харҷ доданд, ки парвозҳо миёни пойтахти кишварҳоро роҳандозӣ намоянд, аммо парвозҳое, ки қаблан эълон шудаву мутаносибан барои он ба мусофирон билетҳо фурӯхта шуда буданд, сурат нагирифтанд.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кард.

Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Дар нома ҳамчунин қайд шуда буд, ки барои анҷоми парвозҳои мунтазам варақаи хизматӣ (формуляр) гирифтан зарур аст, ки барои анҷоми парвозҳо муддати тамоми мавсим дода мешавад.

Ҳамчунин то ҳол дар шаҳри Тошканд мавҷуд набудани намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва мутаносибан ташкили фурӯши билетҳо дар Ӯзбекистон низ зикр гардида буд.

Дар навбати худ, парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе низ ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.

Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.

Чанде қабл дар маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ин робита изҳор намуд, ки «мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, вале мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».