Табдили номи ҶСП Бонки сармоягузории “Конт” дар Тоҷикистон ба «Бонки Осиё»-ро раҳбарият ба мутобиқ набудани номи пешинаи он ба меъёрҳои забони тоҷикӣ нисбат медиҳад.

Бонки сармоягузории “Конт”, ки аксарият дар Тоҷикистон онро ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ мансуб медонанд, охири моҳи марти соли ҷорӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «Бонки Осиё» табдили ном кард.

Раҳбарияти акнун «Бонки Осиё» ба «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала гуфт, сабаби ивази номи муассиса дар он ифода меёбад, ки номи он бояд ба талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мутобиқ бошад.

Дар доираи имконоти мавҷуда амалисозии тағйироти сохторӣ ва тавсеъаи фаъолияти бонки мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Дар «Бонки Осиё» қотеъона мансубияти он ба шаҳрвандони хориҷиро рад карда, изҳор доштанд, ки саҳмиядори ягонаи бонк шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.