ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 МАРТ

Соли 2007 – Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Урумчи–Хуҷанд–Урумчи ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Дар Душанбе намояндагии Пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО (Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ) кушода шуд.

Соли 2012 – Беш аз 100 мағоза ва нуқтаҳои савдои бозори “Фаровон” дар Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) бар асари сӯхтор нобуд шуданд.

Соли 2015 – Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши асъорро тавассути нуқтаҳои шахсии мубодила манъ карда, онро танҳо тавассути бонкҳои тиҷоратӣ иҷозат дод.

Соли 2015 – Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ шуд.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2019 – Дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Соли 2023 – Бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Ҷумъа Одина, нависандаи тоҷик.

Ҷумъа Одина

Ҷумъа Одина факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқанд ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввал муддате муаллимӣ карда, баъдан солҳои гуногун дар нашриёти “Ирфон”, маҷаллаи “Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, моҳномаи “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Маориф ва маданият” фаъолият кардааст.

Аввалин навиштаҳояш солҳои шастум ба табъ расидаанд, аз ҷумла соли 1964 дар моҳномаи “Садои Шарқ” қиссаи аввалинаш - “Авроқи рангин”, ва баъдтар “Иншо дар мавзӯи озод” ба табъ расида, баъдан дар шакли китоби алоҳида чоп шуд. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи “Чанбари оташ”, романи “Гузашти айём” нашр шуданд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми “Искандари Мақдунӣ” дар матбуот чоп шуданд.

Ҷумъа Одина беш аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Нависанда 14 сентябри соли 1982 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1935 – Мавлуди Султон Сафаров, драматургги тоҷик

Султон Сафаров

Султон Сафар хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкин буда, аввал ду сол дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша фаъолият намуд ва сипас дар вазифаҳои масъули вазорати фарҳанг кор кард. Ӯ як муддат директори киностудияи “Тоҷикфилм”, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва ҷонишини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Як қатор драмаҳои офаридаи ӯ дар театрҳо саҳнагузорӣ шудаанд, аз ҷумла, “Субҳи Хуҷанд”, “Қарзи виҷдон”, “Беватан”, “Қасос”, “Уқоб”, “Одамият”, “Ду хоҳарон”, “Пайраҳаи зиндагӣ”, “Бузбибӣ”, “Зан агар ба шӯр ояд”.

Султон Сафар соли 2008 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1944 – Зодрӯзи Давлат Худоназаров, сиёсатмадор ва коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Давлат Худоназаров

Давлатназар Худоназаров яке аз коргардонҳои шинохтаи синамои тоҷик буда, як муддат раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон будт. Дар синамои тоҷик як қатор филмҳои мондагорро рӯйи саҳна овард. Аз ҷумла ӯ коргардони филмҳои “Ҷӯра Саркор”, “Субҳи аввалини ҷавонӣ” аст.

Ӯ дар сиёсат ҳам шахси шинохта аст. Ӯ аз соли 1989 Вакили халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)аз Тоҷикистон ва аъзои “Гурӯҳи байниминтақавии вакилон” дар Анҷумани 1 вакилони халқии СССР буд.

Соли 1991 аз ҷониби қувваҳои мухолифин дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.

Ин сиёсатмадори тоҷик соли 1993 ба ИМА муҳоҷират кард ва соли 1995 ба Маскав баргашт.

Вай чанд сол аст, аз фаъолияти сиёсӣ ва коргардонӣ канор рафта, бештар ба таҳқиқ ва пажӯҳиш рӯ овардааст. Ҳоло дар Маскав зиндагӣ дорад ва бештар бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғул аст.

"Азия-Плюс" бахшида 75-солагии Давлат Худоназаров соли 2019 андешаҳои ӯро гирдоварӣ намуд, ки дар замони гуногун ба расонаҳо баён доштааст. Ин гуфтаҳо то андозае ҳолу ҳавои ӯро дар лаҳзаҳои мухталифи ҳаёташ бозгӯй мекунанд. Бо ин гуфтаҳоро дар ин пайванд метавонед шинос шавед: “Қонуни зиндагӣ”-и Давлат Худоназаров.

Соли 1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Толиб Шаҳидӣ

Толиб Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ яке аз оҳагсозони маъруфи тоҷик буда, бо фаъоляити худ дар саҳнаи ҳунари тоҷик ва офаридани намоишномаҳо барои театрҳо мавқеи хоса дорад.

Ӯ як муддат дар Киностудияи “Тоҷикфилм”, Телевизиони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Шаҳидӣ дар бисёр жанрҳо асарҳо офаридааст, ки ҷумла дорои тобишҳои миллӣ буда, нақши манбаҳои мардумӣ дар онҳо инъикос меёбад.

Ӯ муаллифи асарҳои саҳнавии “Спитамен”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Зани зебо ва ғул”, ва операву балетҳои “Марги судхӯр”, “Рубоиёти Хайём”, “Хотираи дил”, “Сиёвуш”, “Амир Исмоил” ва дигар асарҳои саҳнавӣ аст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Зулфия Давлатзода, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

13 марти соли 1917 аввалин шумораи рӯзномаи “Известия” бо номи “Известия Петроградскаго совета рабочих депутатов” нашр шуд. Ин рӯзнома ба нашрияи расмии ҳукумати нав табдил ёфта, дар саҳифаҳои он хабарҳои муҳим чоп мешуданд.

«Известия» аввалин рӯзномаи шӯравӣ буд, ки хабарнигорони мустақили худро дошт. Ҳафт сол пас, шабакаи васеи хабарнигорон, аз ҷумла намояндагиҳои хориҷиро таъсис дод. Аз августи соли 1991, рӯзнома ба нашрияи мустақил табдил ёфт. 


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.