Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service хонум Атси Шет ва ҷаноби Матю Киркоста, коршиноси ширкати “Oppenheimer” хонум Натали Маршик мулоқоти корӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар рафти машварати корӣ ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои омодагӣ ва баҳодиҳии рейтингии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар идома, аз ҷониби коршиноси Ширкати Moody’s Investors Service Матю Киркоста методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи ниҳодӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт дар назди ҳозирин муаррифии пурмуҳтаво манзур карда шуд.
Коршиноси дигари ширкати мазкур Атси Шет дар навбати худ вобаста ба омӯзиш ва натиҷагирӣ аз вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд, захираҳои байналмилалӣ, вазъи таваррумиро дар муайянкунии рейтинг зарур дониста, баррасии пешниҳодҳо ва таҳияи механизми корбарии барномаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба муаррифии пешниҳодшуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ ибрози андеша намуданд.
Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Moody’s Investors Service фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ширкати мазкур бо ҷалби беш аз 10 000 нафар дар 26 давлати дунё фаъолият дошта, дороии он ба 3,5 млрд. доллари ИМА баробар аст.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкорӣ бо ширкати Moody’s Investors Service аз соли 2013 ба роҳ монда шудааст ва ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.