Ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 фоиз афзуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маълумот дар бораи рақамҳои мушаххаси ҳаҷми истихроҷи металлҳои гаронбаҳо махфӣ мебошад.

“Ин соҳа аз ҷониби ҳукумату президент дастгирӣ ёфта, ҳарчанд музди меҳнат доимӣ бошад ҳам, мо бояд аз шарикони худ тақозо намоем, ки барои коргарон шароити мусоиди корӣ фароҳам созанд, - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, аз конҳои истихроҷи тилло мебояд нуқра, мис ва дигар металлҳоро ҳам ба даст овард”.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори Раёсати саноати кӯҳкорӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорат Бахтиёр Шарипов, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли металли №1 (тилло) ба миқдори 15-22 фоиз ва металли №2 (нуқра) - то 64 фоиз зиёд шудааст.

“Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонии идомадошта, истеҳсоли металлҳои гаронбаҳо дар корхонаҳо хуб роҳандозӣ шуда, илова бар ин, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба металлҳои қиматбаҳо хеле зиёд аст”, - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии қурби пули миллӣ металлҳои қиматбаҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон бо нархҳои ҷаҳонӣ ва асъори хориҷӣ харидорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, “корхонаҳои машғул ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо саривақт андозҳоро ба давлат пардохт намуда, 80 фоизи коргарони он бояд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.