Соли 2018 дар Тоҷикистон каме бештар аз 2 ҳазор тонна моҳӣ ва маҳсулот аз он истеҳсол шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли пешин 133 тонна бештар аст.
“Ин миқдор ниҳоят кам аст, - гуфт бо таассуф вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 январ. – Ҳарчанд дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар ин самт мо нишондиҳандаҳоро беҳтар карда бошем ҳам, лекин ин миқдор бешубҳа кифоя нест”.
Дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан 80% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин маҳсулотро медоданд, имрӯз нишондиҳанда то 20% поин рафтааст.
Тавре вазир хабар дод, айни замон раҳбарияти раёсати масъул ба рушди моҳипарварӣ муносибати худро ба кор куллан тағйир дода, ба тозакунии кӯлу ҳавзҳои моҳипарварӣ оғоз намудааст.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат дар Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва мавриди амалишапвӣ қарор дошта, дар доираи он тайи солҳои охир шумори хоҷагиҳои моҳипарварӣ афзуд.
Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва фаъолияти муваффақонаи беш аз 200 хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст.
Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли ғизо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, як нафар дар як шабонарӯз бояд 25 грамм ва давоми сол – 9 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ истеъмол кунад.
Барои таъмини кофии аҳолии нуҳмиллионафараи Тоҷикистон бо ин маҳсулот дар як сол тақрибан 80 ҳазор тонна моҳӣ зарур аст.
Тибқи маълуомти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2018 ба Тоҷикистон наздики 3 ҳазор тонна моҳӣ ворид карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.