Давоми ду моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 29 млн. 872 ҳазор доллар баробар шуд, ки ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон 15 млн. 669 ҳазор ва воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 14 млн. 203 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли гузашта (28 млн. 885 ҳазор доллар), дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 3% ё худ 987 ҳазор доллар афзуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми молу маҳсулоти содиротшуда дар ин давра аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 3 млн. доллар кам шуда, ҳаҷми воридоти мол аз Ӯзбекистон қариб ба маблағи 4 млн. доллар зиёд шудааст.
Бо вуҷуди ин, Ӯзбекистон ягона кишвари хориҷи наздик боқӣ мемонад, ки дар муомилоти мол бо он Тоҷикистон тавозуни мусбат дорад: маблағи ҳаҷми содирот нисбат ба воридот 1,4 млн. доллар бештар мебошад.
Қобили зикр аст, ки пас аз афзоиши мунтазам тӯли солҳои охир, моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, моҳи январи соли 2019 ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо каме бешар аз 10,2 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб ба андозаи 35% камтар аст.
То ин дам давоми чор соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 22 баробар: аз 13 млн. дар соли 2014 то ба 287 млн. доллар дар соли 2018 афзуд.
Аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя алюминии аввалия, нерӯи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, ашёи хоми абрешим матоъҳои гуногун, машрубот, қолин ва дигар мол содирот мешавад.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти саноати дӯзандагӣ ва бофандагӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснӯоти сафолӣ, металлҳои ранга, таҷҳизоти электрикӣ ва механикӣ ворид мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.