Сокинони Тоҷикистон қариб панҷяки даромадҳои моҳонаи худро ба пардохти пули барқ харҷ мекунанд.

Дар мавсими гармидиҳӣ хонаводаҳои камбизоати деҳот қариб 25%-и даромади моҳонаи худро барои истифодаи нерӯи барқ масраф месозанд, қайд мешавад дар Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ (“Барқи тоҷик” – эзоҳи “Азия-Плюс”).

Хонаводаҳои шаҳри Душанбе бошанд, барои истифодаи нерӯи барқ дар мавсими зимистон то 15%-и даромади худро медиҳанд.

Дар Барнома таъкид мешавад, ки дар мавсими тобистон хароҷот барои истифодаи нерӯи барқ мутаноисбан 14 ва 10%-ро ташкил медиҳад, ки “нишондиҳандаи аз ҳама баландтарин дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад”.

Ширкати энергетикии Тоҷикистон вақти ҳар дафъа болоравии нархи истифодаи барқ изҳор мекунад, ки дар ҷумҳурӣ тарифҳои аз ҳама пасттарин дар паҳнои ИДМ ба нерӯи барқ амал мекунанд.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки “бо мақсади ҳавасмандсозии истифодаи оқилонаи барқ” тадриҷан тарифҳо ба нерӯи барқро боло бурда, барои истеъмолгарони маишӣ арзиши онро то ба 3,5 сент расонад: имрӯз аҳолӣ барои 1 киловатт аллакай беш аз 2 сент пул пардохт мекунад.

Камбизоатонро ошкор ва дастгирӣ мекунанд

Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ таҳияи механизми кумаки иҷтимоии таъинотӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он ошкор кардани хонаводаҳои камбизоат, ки ба пардохти пули барқ имкон надоранд, пешбинӣ шудааст.

Пас аз муайян кардан, чунин хонаводаҳо ба сифати гирандагони кумаки иҷтимоии дахлдор барои қисман рӯйпӯш кардани хароҷоти пули барқ ба қайд гирифта мешаванд.

“Аммо барои механизми пурсамар гардонидани ҷубронпулӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба барномаи кумаки иҷтимоии таъинотӣ зарур аст, ки метавонад аз ҳисоби ҷудо кардани даромадҳои иловагии буҷети давлатӣ ба даст оварда шавад”, - зикр мегардад дар Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.