Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои пардохт дар соли гузашта қариб 20% кам шуд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2019 тариқи низомҳои пардохт аз Русия ба Тоҷикистон 669 млн доллар маблағ фиристода шудааст, ки 166 млн доллар ё худ 20% камтар нисбат ба соли 2018 (835 млн доллар) мебошад.
Аммо семоҳаи чоруми соли 2019, замони ба кор даромадани Маркази миллии протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 ҳаҷми интиқол қариб 30%: аз 183 млн доллар дар семоҳаи 4-уми соли 2018 то ба 236 млн доллар дар семоҳаи чоруми соли 2019 афзуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабри соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.
Низоми пардохти “Золотая корона”, ки бо тартиби пешина беш аз 80%-и ин бозорро дар даст дошт, пайваст шудан ба Маркази миллии протссесингиро рад карда, амали худро бо он асоснок намуд, ки ин тартиботи нав бар хилофи қонунгузории Русия аст.
Айни замон интиқоли маблағ аз/ба Тоҷикистон тавассути низомҳои “Юнистрим”, “Контакт” ва “Вестерн Юнион” имконпазир аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.