Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) маълумот дар бораи қарздори калон буданаш ба ширкати “Барқи тоҷик”-ро рад мекунад.
Директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО Игор Сатторов қайд мекунад, ки рӯзи 28 июл дар чанде аз ВАО бо истинод ба ШСХК "Барқи тоҷик” дар бораи қарздори калон будани ширкат ба “Барқи тоҷик” маълумот нашр шуд.
Дар шарҳи ин масъала ӯ изҳор мекунад, ки тибқи таҷрибаи ҷойдошта байни ТАЛКО ва “Барқи тоҷик” ҳисоббаробаркуниҳои хотимавӣ байни корхонаҳо охири сол сурат мегиранд.
Ин ҳисоббаробаркуниҳо ба гуфтаи Сатторов, натанҳо аз пардохт барои барқи истифодашуда дар ифодаи пулӣ иборатанд, балки аз ҷониби ширкати алюминий аз ҳисоби таъминоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ ҳисоббаробарӣ карда мешаванд.
“Тайи 5 соли охир ширкати алюминии тоҷик натанҳо пурра, балки бо гузаронидани маблағи зиёдтар аз пешбинишуда барои истифодаи неруи барқ пардохтҳоро анҷом дод”, - илова кард ӯ.
Сардори Сарраёсати молияи “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода дар нишасти матбуотии рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта хабар дод, ки ТАЛКО ба сафи қарздорони калони ширкат дохил шуда, аз ҳисоби истифодаи барқ 415 млн сомонӣ (беш аз 40 млн доллар) қарздор аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.