Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи июл ба андозаи 14,7% - аз 1903 сомонӣ (186 доллар) то ба 1623 сомонӣ (159 доллар) поин рафт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти шохис (индекс)-и нархҳо) ба миқдори 10,6% кам шуд.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар дар сатҳи 600 сомонӣ (66 доллар) боқӣ мемонад.

Маоши нисбатан баландро дар моҳи август кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта гирифтаанд, ки маоши миёна дар онҳо 4949 сомонӣ (484 доллар) ва камтарро - кормандони бахши кишоварзӣ - 672 сомонӣ (66 доллар) гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, қарзи умумӣ аз пардохти маош дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои пешин то аввали моҳи сентябр ҳудуди 28 млн сомонӣ (наздики 2,7 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Ҳудуди 55% (қариб 15 млн сомонӣ)-и қарз ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва 22% (зиёда аз 6,1 млн сомонӣ) - ба фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва нигаҳдории борҳо рост меояд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ аз 20 то 25% боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаҷми музди меҳнат дар Тоҷикистон пасттарин боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти мақомоти омори кишварҳои минтақа, музди меҳнати миёна дар Қазоқистон 650 доллар, Туркманистон - 383, Ӯзбекистон - 256, Қирғизистон - 231 долларро ташкил дода, дар Русия бошад, ба 780 доллар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.