Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба миқдори 1,7 тонна зиёд шуда, то моҳи июл 7,42 тоннаро ташкил додаанд, хабар дода мешавад дар портали махсуси Goldomania.

Ин нишондиҳандаи нисбатан паст миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Туркманистон, ки маълумот дастрас нест) ва ба истилоҳ “сегонаи славянӣ” (Русия, Беларус, Украина) мебошад.

Захираҳои аз ҳама зиёди тиллои монетарӣ (пулӣ) дар Осиёи Марказиро Ӯзбекистон дар ихтиёр дорад, ки ба беш аз 377,2 тонна баробар аст. Захираҳои тиллои Қазоқистон зиёда аз 313,5 тонна ва Қирғизистон - ҳудуди 16,7 тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, захираҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутаносибан ба миқдори 18,6 тонна ва 46 тонна кам шуда, аз Қирғизистон баръакс - 6,5 тонна зиёд шудаанд.

Дар ин портал захираҳои тиллои Русия беш аз 3,2 ҳазор тонна, Беларус - 53,6 тонна ва Украина - 27 тонна арзёбӣ шудаанд. Аз лиҳози ҳаҷми захираҳои тилло Русия пас аз ИМА (8,1 ҳазор тонна) ва Олмон (3,4 ҳазор тонна) ба сегонаи кишварҳои пешсаф дар ҷаҳон шомил аст.

10-гонаи аввали (ТОП-10) кишварҳои пешсаф аз рӯи ҳаҷми захираҳои тилло
Сурат: Goldomania.ru

Ҳаҷми умумии тиллои монетарӣ, ки дар захираҳои байнулмилалии кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, зиёда аз 35 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Ин ҷо тиллои дар ихтиёри ниҳодҳои молии зерин қарордошта низ ба инобат гирифта мешавад:

Хазинаи байнулмилалии асъор - 2,8 ҳазор тонна;

Бонки марказии Аврупо - 506 тонна;

Бонки байнулмилалии ҳисоббаробариҳо - 102 тонна;

Бонки марказии давлатҳои Африқои Ғарбӣ- 36,5 тонна.

Тиллои монетарӣ - тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.