Марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 28-солаааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар як маротиба ба қисмати гарданаш зада, баъдан ба сару китфи падараш задааст.
“Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш бошад ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.
ВКД Тоҷикистон ҳамчунин аз боздошти марди 33-солаи сокини ноҳияи Исаравшан ба гумони содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ низ иттилоъ медиҳад.
“Номбурда шаби рӯзи 12-уми август ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 35-сола ҷангу ҷанҷол намуда, фарзандони ноболиғи худ: писарбачаи 8-сола ва духтарчаи 6-соларо аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Гули-Сурх бурда, дар роҳ аз мағоза 1-адад корд харидорӣ мекунад ва сипас писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, - қайд мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки сабабу омилҳои ҳодисаҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.