Садамаи нақлиёт дар қаламрави ҷамоати Чимтеппа рух дод. Субҳи 7-уми октябр автомашинаҳои тамғаҳои Mercedes-Benz ва ВАЗ-21011 ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ронандаи 27-сола фавтид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи Mercedes-Benz Аломаддин Зайниддинови 58-сола назорати идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба автомашинаи ВАЗ-21011 таҳти идораи ронанда Хуршед Абдуллоеви 27-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21011 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, соли 2018 дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 400 нафар ҳалок шуда, беш аз 1300 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.