Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи тармафароӣ, аз ҷумла 44 ҳодиса дар ВМКБ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 феврал дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ тарма фаромада, бар асари он ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе - Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб имконнопазир гардид.
Гуфта мешавад, 16 феврал дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 11 тарма ва дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи ттармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Субҳи имрӯз, 17 феврал роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд муваққатан баста аст. Корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд”, - хабар додан дар Кумита.
Бар асари фаромадани тарма дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнони ВМКБ як сокини 16-солаи ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВМКБ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад тарма дирӯз, 16 феврал тахминан соати 15:30 фуромадааст.
"Ҷасади шаҳрванди фавтида алаккай бароварда шуда, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд",- афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти пуршиддат барф дар ВМКБ чанд рӯзи ахир мунтазам тармафуроӣ идома дорад, ки талафоти ҷонӣ ва моддӣ дар пай доштааст.
Маъмурияти ВМКБ аз сокинону меҳмонон хоҳиш кардааст, ки бо назардошти фаромадани тарма дар қисматҳои гуногуни вилоят аз гаштугузори безарурат дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Қаблан ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид: 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.
Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳияи Ишкошин ду духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, ҷустуҷӯ мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 19-уми феврал дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Боришоти пуршиддат (барфу борон) аз 17 то 18-уми феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз шикору моҳидорӣ ва корҳои дигаре, ки вобаста ба кӯҳу даман, соҳили рӯдхонаҳо мебошад, худдорӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 16 феврал бо супориши президент барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода дар ҳайати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфта, ба самти ВМКБ сафарбар гардид.