Теъдоди ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шимоли шаҳри Махачқалъа то 27 нафар расид, ки 3 нафарашон кӯдакон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, муовини якуми вазири тандурустии Русия Виктор Фисенко изҳор доштааст, ки теъдоди осебдидагон то 66 нафар афзуда, вазъи солимии 10 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад РБК.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Нафта-24»-и ноҳияи Қумторқалъа тақрибан соати 22:00 рух додааст. Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар аввал бинои хидматрасонии мошинҳо оташ гирифта, баъдан оташ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мегузарад ва сипас зарфи газу ҳаво таркидааст. Сӯхтор баъди тақрибан 4 соати таркиш хомӯш карда шудааст.

Роҳбари минтақа Сергей Меликов таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба таркиши зарфҳои рӯ ба рӯи ин нуқта марбут донистааст.

«Сабабҳо ва хусусияти таркиш муайян карда мешаванд. Контейнерҳои рӯбарӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркида, дар натиҷа оташ аланга гирифта, сӯхтор ба амал омад», - гуфтааст ӯ.

Додситонии Доғистон ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карда, мақомоти маҳаллӣ интиқоли газро дар ноҳияи Қумторқалъа қатъ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.