Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода, ки моҳи августи соли равон пас аз афви президент ба озодӣ баромад, то ҳанӯз шахси бидуни шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. Чӣ гуна ҳал кардани ин мушкилоти рӯзноманигорро мақомоти расмии Тоҷикистон намедонанд.

«Ҳозир дар хонаи ҳамсарам дар Душанбе зиндагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданиам, вале ҳар касе, ки аз қазияи ман огоҳ мешавад, ба тааҷҷуб меоянд. Пештар бо чунин ҳолатҳо дучор нашудаанд», - гуфт ба «Азия-Плюс» Аминҷон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Шуъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД Тоҷикистон, ки бояд ба масоили додани шаҳрвандӣ машғул шаванд, ба ӯ гуфтаанд, ки ба ҳолати кор расидагӣ карда, занг мезананд, вале то ҳол хомӯшанд.

«Айни замон дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ман шаҳрвандӣ додан намехоҳанд. Пештар адвокати ман бо ҷониби Ӯзбекистон дар тамос шуд, вале аз он ҷо баъди пурсишҳои муфассал ҷавоб омад, ки ман шаҳрванди Ӯзбекистон нестам ва ҳуҷҷатҳои маро дар ин кишвар дуруст карда наметавонанд. Ман худам ҳам саргарангам, ки чӣ чора андешам», - мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки  Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола  18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.