Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав дастур гирифтаанд, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба риоя накардани муқаррароти қонунгузории муҳоҷират парвандаҳои маъмурӣ боз накунанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории Life, ин ҷо сухан сари пурра аз муҷозот озод шудани шаҳрвандони Тоҷикистон сухан нарафта, қонуншиканон ва ҷинояткорон боздошту изи ангуштонашон гирифта мешавад ва ҳамчунин онҳо мувофиқи пойгоҳҳои махсуси бақайдгирӣ дақиқан санҷида мешаванд.
Дар давраи авфи муҳоҷирон, ки аз 25 март то 24 апрел дар саросари Русия амал мекунад, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва қонуншиканон метавонанд ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД омада, дар ин ҷо ба онҳо барои бақайдгирии расмӣ ва ҳуқуқи будубош имкон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин давра аз муҷозоти маъмурӣ барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират истифода намешавад.
Зимни муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ба шуъбаҳои пулис, муҳлати будубоши муваққатии онҳо аз санаи пешниҳоди ариза 90 шабонарӯз дароз мешавад. Дар сурати гум кардани корти муҳоҷират, нусхаи он дода шуда, ҳангоми зарурат дар он муҳлати ҳузури муваққатӣ низ тамдид мешавад.