Дар Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаи марбут ба куштори духтари 16-сола Нозима Исомиддинова дар шаҳри Турсунзода дар арафаи анҷомёбист.

Айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода аз суд дархост намуд, ки ташкилкунанда ва бевосита иҷрокунандаи ин куштор Абдулқосим Норматов ба 10 соли зиндон ва ҳаммаслаку ҳамсинфи ӯ Раҳимҷон Комилов, ки дар қатли духтар ба ӯ кумак кардааст, ба 22 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Ин дархости худро прокурор бо он асоснок намуд, ки замони содир шудани ҷиноят Норматов ноболиғ буда, танҳо баъди 13 рӯзи ҷиноят ба синни балоғат расид, вале синни ҳаммаслакаш Комилов аллакай ба 18-солагӣ расида буд.

Ҳамчунин прокурор аз суд дархост кард, ки Мирзомиддин Мирзораҳим, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода барои хулосаи бардурӯғ додан дар бораи натиҷаи ташхиси ҷасади духтари кушташуда ба ду соли зиндон ва манъи кор дар ин мансаб ба муҳлати 5 сол маҳкум карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи айбдоршавандагон дар сухани ниҳоӣ ба гуноҳҳояшон иқрор ва пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд дархост карданд, ки ҷазояшонро сабук намояд.