Дар остонаи 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки санаи 27 июн ҷашн гирифта мешавад, бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ умедворанд, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонуни навбатӣ «Дар бораи авф»-ро ба парлумон пешниҳод мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи президент иттилоъ дод, эълони авф салоҳияти сарвари давлат буда, ҳеҷ касе пешакӣ гуфта наметавонад, ки ӯ авфро элон мекунад ё на.

Дар палатаи поёнии парлумон ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки агар дар ниҳояти кор сарвари давлат авф эълон кунад, барои қонунӣ кардани он ҳоло вақт кофист.

Ба ақидаи сиёсатмадор ва журналисти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов, таҷрибаи эълони авф дар арафаи санаҳои муҳими таърихӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ буда, «ман тарафдори онам, ки ҳукумат шахсонеро, ки ба иштибоҳ роҳ дода, ҷинояти вазнин содир накардаанд, бубахшад».

Дар мавриди авфи ҳарифони сиёсии ҳукумати мавҷуда номбурда зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 ҳамаи мухолифони худ бо шумули афродеро, ки муқобили Душанбеи расмӣ ҷангида буданд, авф кард ва ҳозир дар зиндонҳо на мухолифони сиёсӣ, балки онҳое адои ҷазо мекунанд, ки ҷиноят содир намуда, гуноҳашон аз ҷониби суд исбот шудааст.

Ба андешаи сиёсатмадори дигари тоҷик, генерал-майори мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов, инсондӯстӣ ба президенти мо хос буда, бо назардошти ин омил, «ман аз эҳтимол дур намедонам, ки ӯ бори навбатӣ онҳоеро, ки ҷинояти вазнин содир накардаанду барои ҷамъият хатар эҷод намекунанд ва шоистаи бахшиш ҳастанд, афв мекунад».

Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва таъсири манфии он ба низоми муассисаҳои ислоҳӣ, эълони авф аз нигоҳи хусусиятҳои инсондӯстӣ мувофиқи мақсад аст.

«Лекин ба дахл кардани ин иқдоми башардӯстона ба ҳарифони сиёсӣ шубҳа дорам, - иброз дошт ӯ. - Фикр мекунам, ки нисбати маҳкумшудагони сиёсӣ, бахусус ҳарифони сиёсӣ авф мавриди амал қарор намегирад».

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, авф натанҳо барои коҳиши шумори бошандагони зиндонҳо, балки барои таҷассуми башардӯстӣ, хайрхоҳӣ ва эътимод ба шаҳрвандон, ҳамчунин солимгардонии ҷомеа зарур аст.

«Пеш аз ҳама, авф бояд қишри аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири ҷомеаро, ки ба қонуншиканиҳои начандон назаррас ва сабук даст задаанд, аз ҷумла ноболиғон, занони ҳомиладор ва занону кӯдакон, маъюбон ва шахсони калонсолро фаро гирад», - гуфт ӯ.

Охири моҳи августи соли гузашта ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қонун «Дар бораи авф» қабул шуд, ки тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қонуни афви 15-ум ба шумор меравад. Ин қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор гирифт.