Котиби суди шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, як мард ба Агентӣ муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки котиби суди шаҳри Ҳисор бо номи “Ҷаҳонгир” ба боварии ӯ даромада, барои ба манфиаташ ҳал кардани баҳси қитъаи замини наздиҳавлигӣ қаблан маблағи 4 ҳазор сомонӣ фиреб карда гирифта, боз овардани маблағи 4,5 ҳазор сомониро талаб карда истодааст.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷаҳонгир Суҳробзода зимни гирифтани маблағи 4,5 ҳазор сомонӣ аз ин мард дастгир карда шуда, ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шуд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати котиби суди ноҳияи Ҳисор Суҳробзода Ҷаҳонгир бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.