Аз 1 сентябр рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кормандони милитсия рейдҳо гузаронида, давомнокии таҳсил, симои зоҳирӣ ва рафтори толибилмонро месанҷанд.

Дар мактаби рақами 91-и ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи натиҷаҳои санҷиш кормандони милитсия 5 нафар хонандаи ба дарсҳо дермонда, 4 хонандае, ки бе портфелу лавозимоти хониш ба дарс омада буданд, 6 нафар тамоман бе китобҳои дарсӣ ва 10 нафари бегалстук ба мактаб ҳозиршударо ошкор намуданд. Боз 20 нафар писарон бо мӯйҳои расида ба мактаб ҳозир шуда буданд.

Кормандони милитсия бо ин хонандагон суҳбат намуда, огоҳ карданд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳолатҳо волидонашонро ба суҳбат даъват мекунанд.

1/3

Бо хонандагони синфи 11 суҳбат гузаронида, хабар дода шуд, ки тӯли 8 моҳи соли равон дар пойтахт 221 ҳодисаи содир шудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон-толибилмони мактаб ба қайд гирифта шудааст, ки 154 ҳодиса дуздӣ ва 22 далели авбошӣ мебошад.

Кормандони милитсия бо омӯзгорони мактаб низ суҳбат ороста, онҳоро ба ҳушёрӣ, назорати рафтори хонандагон ва хабар додан ба мақомоти милитсия дар бораи далелҳои рафтори ношоями толибилмон даъват карданд.

Мувофиқи фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майор Шариф Назарзода, 556 нафар кормандони раёсати милитсияи пойтахт ба гурӯҳҳои иборат аз 3-5 нафарӣ тақсим шуда, масъули таъмини тартибот дар мактабҳо таъин шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, 17 нафар кормандони раёсат барои саривақт пешгирӣ накардани қонуншиканӣ аз ҷониби хонандагони мактаб ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.