Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз куштор, қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ришваситонии табиб хабар медиҳад.
Тавре дар сомонаи Вазорат иттилоъ дода мешавад, рӯзи 23 май дар ҷамотаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ марди 43-сола ба гумони куштори ҳамсари бародараш боздошт шудааст.
“Ӯ дар хонаи истиқоматиашон бинобар сабаби муноқиша ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари бародараш, зани 42-сола, бо корди хоҷагӣ 20 маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.
Дар робита ба қаллобӣ гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин кор як сокини Душанбе, марди 40-сола боздошт шудааст.
“Ин мард, ки пеш бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 27-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллар маблағ мегирад, вале то ҳол барнагардонидааст”, - қайд мешавад дар хабар.
Дар мавриди ришваситонӣ гуфта мешавад, духтури осебшиноси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо истифода аз мансаб барои додани маълуомтнома дар бораи ивази гурӯҳи маъюбӣ аз сокини 28-солаи ҳамин ноҳия 3 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели ҳодисаҳои дар боло зикршуда мутобиқи моддаҳои дахлори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.