Хадамоти амнияти федеролӣ ва Вазорати корҳои дохили Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румӣ, дастгир кардаанд.

Котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки хабарҳо дар бораи ин ҷиноят рӯзҳои истироҳат ба нашр расида, бо ин сабаб намояндагӣ саривақт ба онҳо вокуниш карда натавонистааст.

«Аз эҳтимол дур намедонем ва ин чандин маротиба ҳам рух додааст, шояд ВАО-и Маскав Тоҷикистонро бо дигар давлати минтақа саҳв кардаанд”, - қайд кард Аҳмадов.

Ӯ итминон дод, ки дар фурсати наздиктарин намояндагӣ ҳамаи ҷузъиёти ҳодисаро маълум карда, дар ин бора ба ВАО-и Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Чуев шаби 7 ба 8-уми июн дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, гӯё муҳоҷирон устоди варзишро ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

Нашрияи "Московская газета" бо такя ба Хадамоти амнияти федеролии Русия навишт, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз 24 то 29 сол доранд. Вале то ба ҳол ҷониби Тоҷикистон дар бораи даст доштани шаҳрвандони худ дар қатли Сергей Чуев ибрози назар накардааст. Наздикони боздоштшудаҳо низ нагуфтаанд, ки асли қазия чист.

Сурат аз сомонаи Mskgazeta.ru

Расонаҳои Русия рӯзи 9-уми июн чанд аксро аз лаҳзаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон нашр карданд. Баъзеи онҳо дар дохили биное рӯ ба замин хобидаанд ва баъзеи дигар дар берун даст болову рӯ ба девор истодаанд.

Вале он чи корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт нигарон кардааст, намоиши шимҳои кандаву дарида ва бадани урёни шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аст. Чанде аз корбарон гуфтаанд, "ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд".

Корбарон аз мақомоти Тоҷикистон, бахсус сафорати кишвар дар Маскав хостаанд, ки ба ин масъала ҷиддӣ бархӯрд кунанд, агар ҳақиқат дорад. Баъзе аз онҳо суол гузоштаанд, ки "чаро шимашон даридааст?” ва ё “ин оғози бозпурсист?”

Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик, дар Фейсбук навишт, “ин агар фоҷиаи миллат нест, чист? Аз ин бадтар боз чӣ буда метавонад? Масъули ин шармандагӣ кист?”

Хуршеда Ҳамроқулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия дар изҳороте гуфт, аз он мутаассиф аст, ки қатли Сергей Чуев ба зодагони Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ гуфтааст, “ҷинояткорон на миллат ва на дар назди мардум масъулият надоранд”.

Ҳамроқулова афзудааст, ин ҳодиса набояд хушку тарро якҷо бисӯзонад ва изҳори умед кардааст, ки ҳодиса боинсофона ва амиқ таҳқиқ шуда, гунаҳкорони воқеӣ ҷазои муносиб хоҳанд гирифт.

Ба зидди боздоштшудаҳо бар асоси моддаи “куштор аз ҷониби гуруҳи шахсон дар заминаи авбошӣ” парванда боз шудааст.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуд, дастгир ё кушта мегарданд.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон баъзе аз ин боздоштҳоро саҳнасозӣ медонанд ва иттилои мақомоти амниятии Русияро зери суол мебаранд. Барои мисол, моҳи майи имсол фаъолони ҳуқуқи инсон аз Осиёи Марказӣ амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Владимири Русияро, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, саҳнасозишуда унвон карданд. Онҳо гуфтанд, наворҳое, ки аз ин амалиёт намоиш дода шуд, бо амалиёти соли 2017 бисёр монанд аст.

Силоҳҳои афтода рӯи фарш, манзили зист ва ҷасадҳои афтода дар ҳарду навор ба як шакл ҳастанд. Танҳо дар навори соли 2019 ба ҷойи автомат назди ҷасад таппонча афтодааст. Ҳеҷ осори тир дар ҳар ду навор дар деворҳо дида намешавад.