Дар даҳаи аввали сол милитсияи шаҳри Душанбе зимни амалиёти “Корд” 8 нафар ҷавонону наврасонро бо силоҳи сард боздошт кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аснои баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз ҷавонон 7 корд ва 1 кастет дарёфту мусодира шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо силоҳи сард мусодира гардид, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.

Ёдрас мекунем, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тӯли семоҳаи 4-уми соли 2019 барои пешгирии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард амалиёти шартиро бо номи «Корд» дар якчанд марҳила роҳандозӣ карда буд.

Амалиёти мазкур дар аввали соли 2020 низ идома дошта, милитсияи пойтахт изҳор медорад, ки то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.