Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Равшан Ғуломови 35-соларо барои барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба кӯдаки хурдсол, ки ба марги ӯ боис гардид, ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Тавре дар сомонаи суди ноҳияи Шоҳмансур хабар дода мешавад, Ғуломов ду маротиба хонадор шуда, аз зани якумаш барои безуриётӣ ва аз ҳамсари дуюмаш бо ду фарзанд барои рост наомадани хислатҳояшон ҷудо шудааст.

“Моҳи сентябри соли 2018 Ғуломов бо никоҳи мусулмонӣ ба сокини пойтахт Нигора Юсупова хонадор мешавад, ки 4 фарзанд дошт. Пас аз ин Акрам Юсупови 2-сола ҳамроҳашон дар хонаи иҷора дар кӯҷаи Қаротегин зиндагӣ мекунад”, - қайд мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, охири моҳи октябри соли гузашта пас аз муноқиаши навбатӣ бо занаш Ғуломов чойники чойнӯширо ба сӯйи ӯ мепартояд, ки ба девор бархӯрда, ба сари Акрами хобида мезанад.

“Ҳангоми гиря кардани ин хурдсол, судшаванда Ғуломов Р.Д., ӯро аз дасташ дошта, ба дигар самт мепартояд, ки сари хурдсол рафта ба гаҳвора бармехӯрад. Санаи 1-уми ноябри соли 2019 бинобар сабаби аз дарди зиёд гиря кардани хурдсол Юсупов Акрам, судшаванда Ғуломов Р.Д. аз қаҳр ду бари рӯйи ӯро сахт газида, бо навдаи дарахт ӯро лату кӯб менамояд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, муддати ду рӯз кӯдаки хурдсол бо ҳарорати баланд доимо гиря карда, лекин волидонаш ба ин аҳаммият надодаанд. Танҳо рӯзи сеюм, вақте ки вазъи Акрам тамоман бад мешавад, ӯро назди табибон мебаранд.

Табибон дар ҷисми кӯдак осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap, хунрезиши баъди осеби майнаи cap, захмҳои латхӯрда, хунрезиши зери пӯст ва хуномосҳои баданро муайян мекунанд. Ӯ ба ҳуш наомада, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Дар мурофиаи судӣ исбот шудааст, ки Равшан Ғуловом борҳо Акрами хурдсолро барои бисёр гиря карданаш латукӯб кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.