Дар Тоҷикистон тарҳи нави “Қонун дар бораи воситаҳои ахобори омма”, омода мешавад, ки ду қонуни қаблии соҳаи рӯзноманигориро якҷо мекунад. Созмонҳои рӯзноманигорӣ, журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ назару пешниҳодоти худро манзур кардаанд ва акнун парлумони кишвар хулоса хоҳад кард, ки он дар кадом шакл қабул мешавад.
Қонунҳои матбуот ва телевизион якҷо мешавад
Ҳоло дар кишвар қонун “Дар бораи матбуот даврӣ ва воситаҳои ахбори омма”, ки соли 2013 қабул шуд ва қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, ки соли 1996 қабул шудааст, амал мекунад ва қонунҳои аслии танзимкунандаи фаъолияти расонаҳо дар кишвар мебошанд. Тарҳи қонуни нав дар бораи ВАО ҳардуи ин қонунро якҷо кардааст.
Ҳафтаи гузашта вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар як нишасти махсус тарҳи қонуни навро баррасӣ карданд. Муаллифони қонун пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатиро ҷамъоварӣ ва ба тарҳи қонун илова карданд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки қонуни нав дар асоси таҷрибаи пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ кори расонаҳоро дар кишвар танзим хоҳад кард.
Сабти номи расона дар муҳлати кутоҳ
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Хома” ва яке аз аъзоёни гурӯҳи корӣ дар таҳияи тарҳи қонуни нави ВАО бар ин назар аст, ки “қонуни мазкур ҳуқуқ ба озодии баёнро кафолат медиҳад, фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар ҳудуди Тоҷикистон ҳифз менамояд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои нав ба мисли брифинг, манфиатдории ҷамъият, нашрияҳои шабакавӣ, оператор (пахшкунанда), ҷои ҷамъиятӣ ва шахси оммавӣ илова гардидааст.
“Дар лоиҳаи қонуни нав принсипҳои асосӣ барои воситаҳои ахбори омма ба назар гирифта шудааст. Ин пеш аз ҳама, қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, гуногунандешӣ, шаффофият ва ошкорбаёнӣ, изҳори озодонаи ақида ва андеша, боэътимодии маълумот, фаврият, беғаразӣ, дастгирии истеҳсол ва паҳни контенти миллӣ, эҳтироми меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ ва риояи одоби касбӣ мебошад”, - гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз навигариҳои қонун сабти давлатии воситаҳои ахбори омма дар муҳлати кутоҳ, тариқи онлайн ва бо шакли огоҳӣ аст.
“Яъне дар сурати қабул шудани ин банди қонун матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои шабакавӣ танҳо дар бораи таъсис ёфтанашон ниҳоди танзимкунандаро огоҳ мекунанд. Ҳамчунин, ҳангоми баҳисобгирии онҳо талаб намудани хуҷҷатҳои иловагие, ки дар ҳамин қонун ишора шудааст манъ аст”,-гуфт Ренжат Ятимов.
Пештар, барои сабти номи расона аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумотнома талаб мешуд. Ин маълумотнома дар қонунгузорӣ зикр нашуда буд, вале мақомоти масъули сабти ном, онро талаб мекарданд. Акнун дар қонуни нав ин чиз мушаххас зикр шудааст, ки набояд талаб шавад.
Пешниҳоди манъи табъиз дар эълонҳои ҷои кори холӣ
Дар моддаи дигари тарҳи қонун пешниҳод шудааст, ки эълон бораи озмуни ҷойҳои корӣ холӣ танҳо барои намояндагони як ҷинс манъ аст.
Ҳамчунин, паҳн кардани маълумоти шахсӣ ва дигар маълумоти ноболиғе, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунӣ зарар дидааст ва ноболиғоне, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ гумонбар ё айбдор шудаанд, манъ аст.
Дар ҷои ҷамъиятӣ барои аксу навор розигӣ лозим нест
Дар банди алоҳидаи тарҳи қонун гуфта мешавад, ки агар шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва рӯйдоди аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок ҳузур дошта бошад, журналист бидуни розигии ӯ аксу навор мегирад.
Ҳамчунин, ҳама гуна маълумот дар бораи фаъолияти хидматӣ ва ҷамъиятии шахс агар дар манбаҳои боз дастрас бошад розигии шахс талаб карда намешавад.
Банди дигари ин тарҳи қонун пешбинӣ мекунад, ки рӯзноманигор пеш аз мусоҳиба бо ноболиғ ва акс гирифтани ӯ, инчунин паҳн кардани маълумоти шахӣ дар бораи ноболиғ ризояти яке аз волидон ё намояндаи қонунии ноболиғро гирад.
Қонуни нав мушкили парвонаи корро ҳал мекунад?
Ҳамчунин, дар тарҳи қонун зикр шудааст, ки давлат фаъолияти касбии журналист, ҳимояи шаъну шараф, саломатӣ, ҳаёт ва дороиҳояшро чун шахси иҷрокунандаи вазифаҳои ҷамъиятӣ кафолат медиҳад.
Яке аз бахшҳои дигари тарҳи қонун танзими аккредитатсии рсонаҳо дар нишастҳои вижаи расмӣ аст. Ин мушкиле аст, ки чанд соли охир рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ шикоят мекунанд, ки онҳоро дар бархе аз ҷаласаҳои расмӣ даъват ва ё пешакӣ сабти ном намекунанд.
Тарҳи қонунгузории нав гуфтааст, тартиби аккредитатсия кардани ВАО набояд ҳуқуқи журналистро барои иштирок дар ҷаласаҳои расмӣ, даъват ба чорабинӣ, фароҳам овардани шароти нобаробар ва ҳуқуқи гирифтани иттилоот маҳдуд кунад.
Ин тарҳ мақомотро вазифадор кардааст, ки журналисти аккредитатсияшударо бо стенограмма, протокол ва дигар ҳуҷҷатҳо шинос намоянд ва барои фаъолияташон шароити мусоид фароҳам оранд.
Ҳамчунин, беасос рад кардани аккредитатсияи журналистон манъ буда, дар чунин сурат журналист ҳақ дорад ба додгоҳ шикоят кунад.
Муҳтавои ватанӣ, барномаҳо аз рӯи синну сол ва тарҷумаи сурдологӣ
Дар тарҳи қонун муқарар шудааст, ки барнома ва намоишҳои телевизион ва радио бояд на камтар аз 60% маҳсулоти ватанӣ иборат бошанд ва он аз соати 06:00 то 10:00 ва аз соати 18:00 то соати 23:00 пахш шавад.
Ҳамчунин, аз соати 06:00 то соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ пахш намудани барномаҳои телевизионие, ки ба инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдакон ва наврасон зарар мерасонанд, манъ аст.
Дар телевизион ва радио маводи истеҳсоли ватанӣ ё хориҷие, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади паҳн пешбинӣ шудаанд, мутобиқи қонунгузорӣ аз рўи синну сол таснифбандӣ карда мешаванд.
Навгонии дигар ин аст, ки барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ бояд бо тарҷумаи сурдологӣ (забони имову ишора) ё субтитрҳо таъмин шаванд.
Дастандакорони тарҳи қонун мегӯянд, аксари тағйироте ки илова кардаанд, дар қонунгузории пешина нест ва дар сурати қабул шудани ин қонун дар чунин тарҳ он ба рушди бозори расонаҳо, таъмини шаффофияти иттилоъ замина мегузорад.
Таҳияи лоиҳаи қонуни нави матбуот дар ҳолест, ки сатҳии озодии баён дар кишвар сол аз сол поин меравад. Тибқи гузориши созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, ки рӯзи 3-юми май нашр шуд, Тоҷикистон нисбат ба як соли пеш 2 зина поён рафта, дар мақоми 155 қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон хабарнигорон ва блогнависони тоҷик, аз ыумла Далер Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Муҳаммад Султон, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминиро бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои мамнӯъ ва ифротгаро боздошт ва бо муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.
Ҳамчунин, дастрасӣ ба иттилоъ сол аз сол маҳдуд мешавад. Мақомот аз расонаҳо барои оддитарин маълумот дархости расмӣ талаб карда, қариб ҳамеша бо гузашти муҳлати дархост посух медоданд ва баъзе ниҳодҳо умуман посух намедоданд.
Созмонҳои ҷаҳонии мудофеи озодии баён ҳамасола аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза интиқод мекунанд.
Дар маводи “Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён” метавонед дар бораи вазъи журналистикаи тоҷик ва озодии матбуот дар Тоҷикистон маълумоти бештар гиред.