Суди Кузминкаи Маскав зиёда аз 40 нафар иштирокчиёни ҷанҷоли гуруҳиро дар Маскав назди истгоҳи метрои “Кузминка” дар қонуншикании маъмурӣ гунаҳкор эътироф намуд.

Ҳамагӣ 42 нафар боздоштшудагон гунаҳкор дониста шуда, ба ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 15 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд, хабар додааст ба “Интерфакс” котиби матбуотии суд Карина Каленова.

Ба гуфтаи ӯ, дар рафти мурофиаи додгоҳӣ масъалаи ихроҷи боздоштшудагон баррасӣ нашудааст.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик мавод нисбат ба дигар иштирокчиёни ҷанҷол ба суд равона гардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 июл дар мавзеи истгоҳи назди метрои “Кузминка”-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷанҷол рух дод. Нахуст гуфта шуд, ки дар ин муноқиша муҳоҷирон аз Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок доштаанд.

Сипас ВАО-и Русия хабар пахш намуданд, ки дар ин ҳодиса муҳоҷирони тоҷику ӯзбек бо ҳам ҷанҷол карда, дар он зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд ва қаблан чанд рӯз пеш боз ду муноқишаи дигар рух дода будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.