Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз задухӯрди дастаҷамъона дар минтақаи ҷанубу шарқи шаҳри Маскав пешгирӣ карданд. Дар ин бора ба РБК аз хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав хабар додаанд.
“Ба шуъбаи пулис дар бораи эҳтимоли муноқиша байни шаҳрвандон дар истгоҳи метрои “Кузминка” хабар расид. Кормандони пулис ва Росгвардияи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ надоданд”, - омадааст дар хабар.
Тавре дар Сарраёсати ВКД зикр кардаанд, чанде аз иштирокчиёни занозанӣ ба шуъбаҳои минтақавии пулис бурда шудаанд.
Манбаи ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки зиёда аз 50 нафар дар кӯчаи Зеленодолскии ноҳияи Кузминкаи Маскав занозанӣ кардаанд.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, қисмати зиёди онҳо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя мебошанд”, - иброз доштааст манбаъ.
“Интерфакс” бо истинод ба манбаи огаҳ хабар медиҳад, ки занозанӣ эҳтимол “дар заминаи хусумати шахсӣ” аз ҷониби муҳоҷирони кории Ӯзбекистону Қирғизистон рух додааст.
“Сипас ба ҳар ду ҷониби муноқиша ҳамдиёрон пайваста, занозанӣ хусусияти оммавӣ гирифт ва ба қисмати роҳ гузашт. Дар муноқиша ҳудуди 100 нафар иштирок карданд”, - илова намудааст ӯ.
Манбаи ТАСС хабар додааст, ки ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошти наздик ба 15 нафар иштирокчиёни занозанӣ муяссар шудааст.
“Муноқиша пешгирӣ шуд. Ҳудуди 20 нафар иштирокчиёни бештар фаъоли он боздошт шуданд”, - гуфтааст дар навбати худ манбаи “Интерфакс”.
Манбаи ТАСС дар муассисаи тиббӣ гуфтааст, дар ҷараёни занозанӣ якчанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.
“Бархе аз онҳо аз корд захм гирифта, ҷароҳати дарида доранд. Кормандони ёрии таъҷилии тиббии ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда чанде аз онҳоро ба бемористон бурданд”, - изҳор доштааст ӯ.
Шабакаи Telegram-и Mash хабар медиҳад, ки шумори иштирокчиёни занозании оммавӣ наздик ба 200 нафар будааст.
Бархе аз расонаҳои қирғизӣ гуфтаанд, ки ин ҷанҷол миёни шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон рух додааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, занозании оммавӣ дар Кузминка посух ба муноқишае будааст, ки чанде пеш дар вилояти Маскав рух додааст”, - менависад нашрия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.