Мақомот роҳбарияти тарабхонаи “Яккасарой” дар шаҳри Хуҷанд, чанд овозхону баранда ва соҳибони тӯйро барои вайрон кардани қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар ҷарима кардаанд, хабар медиҳад Додситони кулли Тоҷикистон.
Манбаъ навиштааст, ҳангоми гузарони санҷишҳои додситонӣ маълум гардид, ки маъмурияти тарабхона бе бастани шартномаи тарафайн бо сокинон ва дар соати корӣ тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор кардаанд. Ҳамчунин, чанд овозхону баранда ҳам бе бестани шартнома тарафайн дар ин туйҳо ширкат карданд, ки хилофи қонуни мазкур аст.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи ин қонуншиканиҳо дар моҳи август ошкор шуд ва маъмурияти тарабхонаву овозхону соҳибони тӯй аз 740 сомонӣ то беш аз 81 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Додситонии кул ба таври мисол навиштааст, ки директори тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд Бузруков Беҳрӯзхӯҷа рӯзи 11-уми август, соати 20:08 бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо соҳиби маърака тӯй баргузор намудааст.
“Ҳамчунин, номбурда рӯзи 15-уми августи соли 2023 дар вақти корӣ соати 13:00 дақиқа дар тарабхонаи “Яккасарой” тӯйи арӯсию домодии Назыров У. ва Юнусова М.-ро баргузор намуда, талаботи қонунро дағалона вайрон кардааст”, - гуфтааст ин ниҳод.
Ба иттилои ин ниҳод дар ин маросим ва тӯйи хонадоршавии бародари Назыров У., ки дар вақти корӣ баргузор гардид, Ғуломҷон Мирдадоев ҳамчун сароянда ва Парвизҷон Юсупов ба ҳайси баранда бидуни бастани шартнома хидматрасонӣ кардаанд.
Мақомот ҳамчунин аз баргузории як маъракаи домодталбон дар вақти корӣ дар тарабхонаи “Яккасарой” хабар доданд, ки бо иштироки 72 нафар бо додани 3 намуд таъом баргузор шуда, дар он шаҳрванд Манонова Маликахон ҳамчун сароянда бе бастани шартномаи тарафайн иштирок ва хизмат расонидааст.
Ба таъкиди ин ниҳод баргузории домодталбон бархилофи талаботи қисми 3 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.
Нисбати гумонбарон парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд директори “Яккасарой” 81 ҳазору 600 сомонӣ, маъмури тарабхона 44 ҳазору 200 сомонӣ, як баранда ва овозхон 51 ҳазор сомонии, сарояндаи дигар 34 ҳазор сомонӣ, инчунин, ду соҳиби маърака яке 6 ҳазору 800 сомонӣ ва дигарӣ 7 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Қаблан, ҳам Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки ду сокини вилояти Суғд барои ташкили чорабиние, ки қонунгузорӣ манъ кардааст, ҷарима шуданд.
Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шудааст ва ҳадафи он пешгирӣ аз сарфакории зиёд дар тую маъракаҳо гуфта мешавад.