Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллобонро боздошт намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД-и пойтахт хабар доданд.
Гумонбаршудагон Ҷавлонбек Шарипов ва Нозим Раҳимҷонов сокинони шаҳри Истаравшан мебошанд. Зимни боздошт аз онҳо 50 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон тибқи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.
“Ҷиҳати дастгир намудани аъзоёни дигари ин гуруҳи нашъаҷаллоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ идома дорад”, - зикр мешавад дар хабар.
Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон низ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи иборат аз 4 нафарро боздошт ва аз онҳо ба сурати умум 179 кило ҳашишро мусодира намуда буданд.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи наъаовари ҷусмҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Қисми зиёди ин мавод -беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Маводи муххадир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон интиқол дода мешавад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зиёда аз 13,7 ҳазор дона ҳаб (таблетка)-и психотропӣ мусодира шудааст, ки 4,6 баробар зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.