Марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба қатли собиқ ҳамсараш дар қаламрави Русия гумонбар дониста мешавад, дар Тоҷикистон боздошт шуд.
Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ақди никоҳи мусулмонӣ баста, лекин пас аз се моҳи ҳамзистӣ, ҳамсарон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.
“Рӯзи 3 феврал гумонбаршуда занро дар назди ҷойи кораш интизор шуда, баъди ба таксӣ нишастани ӯ, аз паси таксӣ равон мешавад ва таксиро нигоҳ дошта, занро зӯран аз он берун мекашад ва ба мошини худаш савор мекунад, - омадааст дар хабар. - Сипас байни онҳо дар заминаи рашк муноқишаи лафзӣ сар зада, гумонбаршаванда аз паҳлуи чапи дари автомашина дастаи оҳанинро гирифта, ҷабрдидаро лату кӯб мекунад”.
Гуфта мешавад, дар натиҷа зан ба ҳалокат расида, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят, ҷасади ҷабрдидаро дар ҷангал пинҳон мекунад ва ба Тоҷикистон бармегардад.
Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар вилояти Ленинград ҷасади зани фурӯшандаи мағозаи нӯшокиҳои машруботӣ, ки рӯзи 4 феврал бедарак шуда буд, дарёфт шудааст. Бародари ӯ ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, баъди чанде маълум мешавад, ки ба куштор ҳамватани зан даст дорад. Ин мард баъди содир намудани ҷиноят ба ватан рафта, лекин боздошт мешавад. Ӯ ба куштор иқрор шуда, ҷойи пинҳон кардани ҷасадро нишон додааст.