Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад.
«Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. - Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузургро мегузорад».
Сарвари давлати Тоҷикистон бо муроҷиат ба «халқҳои бародари Осиёи Марказӣ» изҳор намуд, ки «халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст».
«Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем», - таъкид дошт Президент.
Ғайр аз ин зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ лоиҳаи бо оби нӯшокии аълосифати кӯли Сарез таъмин намудани кулли мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро амалӣ созад, ки барои мардуми минтақа абадан басанда аст.
«Мо имрӯз бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондаем ва эътимоди комил дорем, ки тамоми масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард», - қайд кард сарвари давлати Тоҷикистон.