Дар иҷлосияи навбатии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонунҳо «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки мувофиқи онҳо, шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти амният кор карда наметавонанд. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад.
Зимни суханронӣ дар парлумон муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров дар ин робита изҳор намуд, ки дар сохторҳои КДАМ танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кор карда метавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар равона гардидаанд. «Ҳамчунин кормандони КДАМ бояд ҳатман забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро хуб донанд», - гуфт номбурда.
Қобили зикр аст, ки тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳамчунин ба нафақахӯрон низ дахл дорад. Акнун ба шахсоне, ки нафақапулӣ мегиранд, кор дар сохторҳои давлатӣ манъ шуда, вале агар нафақахӯр дар сохторҳои хизмати давлатӣ кор кунад, ӯ бояд аз гирифтани нафақапулии худ даст кашад.
Дар ҳамин ҳол, айни замон шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.