Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов, эҳтимоли ба роҳбарии ҳизб баргаштани сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов ба сифр баробар аст.
Имрӯз «Азия-Плюс» бо Мирзоазим Насимов, ки баъди даргузашти раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ин мансаб таъин шуд, мусоҳиба орост.
«Шодӣ Давлатович барои Ҳизби коммунист ва тамоми Тоҷикистон хизматҳои арзандаи зиёде кардааст, ӯ солҳои барои коммунистон душвортарин роҳбар буд, замоне, ки танҳо барои коммунист буданат туро парронида метавонистанд, - таъкид дошт Насимов. - Ӯ имрӯз ҳам узви раёсат (президум)-и ҳизб буда, вале замони дигарон, сиёсатмадорони ҷавон фаро расидааст».
Ӯ дар бораи нақшаҳои ҳизб дар соли равон ибрози назар карда, изҳор дошт, ки аз соли нав нашри газетаи «Коммунисти Тоҷикистон» барқарор шуда, се маротиба дар як ҳафта бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба чоп мерасад ва қаблан бинобар сабаби мушкилоти молӣ, танҳо ду маротиба дар як сол ба нашр мерасид.
Ба қавли номбурда, вазифаи асосии коммунистон дар соли равон арзанда ҷашн гирифтани 100-солагии Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ва дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба сафҳои ҳизб қабул кардани на камтар аз 100 нафар аъзои нав аст.
Зимнан зикр гардид, ки имсол коммунистон ният доранд, ки дар саросари кишвар таҳти унвони «Инқилоби Октябр дар тақдири халқи тоҷик» аксия баргузор намоянд.
Дар робита ба масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҲКТ, ки дар он раиси нави ҳизб интихоб мешавад, М.Насимов зикр кард, ки санаи баргузории анҷумани мазкур дар пленуми ғайринавбатии ҳизб, ки аввали моҳи феврал дар назар аст, маълум мешавад.
Ёдрас мекунем, ки раиси ҲКТ Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Талбаков 2 июли соли 2016 пешвои нави коммунистон интихоб шуда, дар ин мансаб Шодӣ Шабдолови 73-соларо иваз кард, ки тӯли 25-соли ахир сарварии ин ҳизбро бар дӯш дошт.