Дар Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 25 октябр Форуми VI байнипарлумонии “Русия ва Тоҷикистон: нерӯи ҳамокрии байни минтақавӣ” доир гардид. Сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум паём фиристоданд.

Зимни кори форум раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко хотиррасон намуд, ки ин кишвар шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба беш аз 620 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 30% бештар буда, дар ҳамин ҳол, ҳачми воридот аз Тоҷикистон қариб 4 маротиба афзудааст.

Валентина Матвиенко ҳамчунин дар бораи тавсеъа ва гуногунсозии додугирифти дуҷониба, рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия ва дар ин робита таъсиси марказҳои нигаҳдорӣ ва тақсиму фурӯши яклухт дар Тоҷикистон, сабуксозии шароитҳои ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар, мутобиқшавии онҳо ба муҳити фарҳангиву иҷтимоӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорони рус дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба изҳори назар кард.

Дар навбати худ Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кард, ки Форуми байнпарлумонии Русия ва Тоҷикистон ба яке аз воситаҳои пуриқтидори рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамгиройии манфиатҳои ҳаётан муҳими дуҷониба табдил ёфта, асоси боъэтимоди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба ҳукумати Русия пешниҳод намуд, ки масъалаи назорати осонтари гумрукӣ барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад.

“Мо барои сабзавоту меваи худ “долони сабз” дархост мекунем, бегона нестем ва ба шумо наздикем”, - ин гуфтаҳои ӯро аҳли толор бо чапакзанӣ истиқбол намуданд.

Дар ин робита Валентина Матвиенко чунин гуфт:

“Мо ният дорем, ки тартиби осонтари воридоти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия ва роҳандозии воситаҳои молиявии пурсмар барои ҳисоббаробаркунӣ бо асъорҳои миллиро баррасӣ намоем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.