Ҳайати ВКХ Норвегия охири ҳафтаи гузашта аз Душанбе боздид кард, то ки ба пуштибонии Тоҷикистон аз нияти солҳои 2021-2022 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудани Осло даст ёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати дипломатҳои Норвегияро дар ВКХ ва палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, итминон доданд, ки Душанбеи расмӣ аз Норвегия дастгирӣ мекунад.

Дар навбати худ намояндагони Норвегия ваъда доданд, ки аз хоҳиши Душанбе барои солҳои 2028-2029 узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ шудан дастгирӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии номзадии худ ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ бо созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ ва давлатҳои узви СММ гуфтушунид дорад.

Ин нияти Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (9-10 июни соли 2018) дар шаҳри Синдаои Чин дастгирӣ ёфта буд.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 давлат – 5 узви доимӣ ва 10 узви ғайридоимӣ дохил мешаванд. 10 кишвари узви ғайридомии Шӯро аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ интихоб мешаванд: панҷ давлат аз Африқо ва Осиё; як давлат аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ; ду давлат аз Амрикои Лотинӣ; ду кишвар аз Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.